Вопрос № 01791
Бо шортик ва ё сари бараҳна намоз гузоридан ҷоиз аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Бо шортик ва ё сари бараҳна намоз гузоридан ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Алӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, барои мард аз зери ноф то зери зону пӯшонидан фарз аст, агар аз ин миқдор ба андозаи чоряки он намудор шавад, намоз дуруст намешавад. Сари бараҳна намоз гузоридан макрӯҳ аст, зеро ки намоз бояд бо одоби комил хонда шавад.