Вопрос № 01828
Агар шахсе азони масҷидро нашунида бошад, ҳангоми танҳо гузоридани намоз дар масҷид азон ва иқомат мегӯяд?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Агар шахсе азони масҷидро нашунида бошад, ҳангоми танҳо гузоридани намоз дар масҷид азон ва иқомат мегӯяд?
Саволдиҳанда: Шодимаҳмад
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар масҷиди ҷомеъ ё панҷвақта бошад, шунидани азон барои ҳар як намозгузор шарт нест, модоме ки дар ҳар вақти намози ҷамоат азон гуфта шавад, шахси танҳогузор метавонад бидуни гуфтани азон намозашро адо кунад, лекин пеш аз адои фарз иқомат мегӯяд.