Вопрос № 01844
Ман дар мусофират қарор дорам, намозу рўзаро ба ҷо меорам ва Қуръон мехонам. Имконияти зангирӣ надорам, то ҳол зино накардаам, лекин шайтон васвос мекунад ва ҳолам душвор шудааст. Оё бо даст худро ҳаром кардан ҷоиз аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Ман дар мусофират қарор дорам, намозу рўзаро ба ҷо меорам ва Қуръон мехонам. Имконияти зангирӣ надорам, то ҳол зино накардаам, лекин шайтон васвос мекунад ва ҳолам душвор шудааст. Оё бо даст худро ҳаром кардан ҷоиз аст? Илтимос ба ман ягон маслиҳат диҳед. Рўзаро ҳамеша мегирам. Чӣ кор кунам, ки даст ба зино назанам? Дар охир дар ҳаққи ман дуо кунед. Боқӣ дар паноҳи Худо бошед.
Саволдиҳанда: Саидвалӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, бо даст худро ҳаром кардан аз нигоҳи шариат мамнуъ ва гуноҳ аст, аз ин рў, шумо саъй кунед, ки ба ин амал даст назанед. Барои ин, шумо илова бар рўза гирифтан зикри Худоро бисёр гўед, хусусан зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро доимо вирди забонатон қарор диҳед ва дар намозҳоятон дуо кунед, иншоаллоҳ аз васвасаи шайтон эмин мемонед, зеро ҳар инсоне, ки пайравӣ аз нафси аммора ба бадӣ мекунад, дар зиндагӣ комёб намешавад. Бинобар ин, парҳезгор бошед, то ки ояндани нек дошта бошед. Худованд шуморо дар ҳифзу амонаш нигоҳ дорад ва бароятон тавфиқу комёбӣ ва ҳамсари муносиб ато фармояд.