Вопрос № 01852

Дар тақвими моҳи шарифи Рамазони соли 2018 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шўрои уламои Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, моҳи муборак аз санаи 17.05.2018 оғоз ёфта буд ва анҷоми он ба санаи 15.06.2018 рост меояд ва он дар умум 29 рўзро дар бар мегирад.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар тақвими моҳи шарифи Рамазони соли 2018 барои Федератсияи Русия моҳи муборак аз санаи 16.05.2018 оғоз ёфта буд ва анҷоми он ба санаи 14.06.2018 рост меояд ва он дар умум 30 рўзро дар бар мегирад. Дар тақвими моҳи шарифи Рамазони соли 2018 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Шўрои уламои Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, моҳи муборак аз санаи 17.05.2018 оғоз ёфта буд ва анҷоми он ба санаи 15.06.2018 рост меояд ва он дар умум 29 рўзро дар бар мегирад. Фарқият байни тақвимҳои моҳи шарифи Рамазон барои соли 2018 дар ин ду кишвар дар чист?

Саволдиҳанда: Нозим

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар кишвар Шўрои уламо ва ниҳоди масъули судури фатво дорад ва Шўрои уламои ҳар кишвар оғозу анҷоми моҳи муборакро бо дарназардошти шароити феълии худ муайян мекунад. Тибқи қарори Шўрои уламои кишварамон моҳи Рамазон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17-уми май оғоз шуда, анҷоми он ба санаи 15-уми июн рост меояд, ки мувофиқ ба кишварҳои ҳамсоя ва аксари кулли давлатҳои исломӣ аст, аз ин рў, риояи ин қарор барои ҳамаи мардуми кишварамон лозим мебошад. Аммо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия тақвими нашркардаи Муфтиёти ҳамон кишвар эътибор дорад. Ногуфта намонад, ки моҳи Рамазон гоҳе 30 рўз ва гоҳе 29 рўз ҳам меояд.

2018-06-14
3363
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43