Вопрос № 01868

Маҳр чист? Қариб як сол мешавад, ки оиладор ҳастам, дар вақти никоҳам падарам ба миқдори 500 сомонӣ маҳрия ба ҳамсарам ваъда карданд, аммо ҳамон лаҳза пул надоштанд, ба муддати як моҳ медиҳем гуфтанд. Ман фикр мекунам, ки падарам фаромўш кардаанд.

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокотуҳу. Маҳр чист? Қариб як сол мешавад, ки оиладор ҳастам, дар вақти никоҳам падарам ба миқдори 500 сомонӣ маҳрия ба ҳамсарам ваъда карданд, аммо ҳамон лаҳза пул надоштанд, ба муддати як моҳ медиҳем гуфтанд. Ман фикр мекунам, ки падарам фаромўш кардаанд. Зани ман дар масъалаи маҳр ба ман ва аҳли хонавода ҳеҷ чиз намегўяд. Ман чӣ кор кунам, ки маҳр аз сари падарам соқит шавад? Метавонам худам маҳри занамро диҳам? Хоҳиш мекунам ба саволи ман ҷавоб гардонед, дар зиндагиям хело муҳим аст.

Саволдиҳанда: Мирзо

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, маҳри ҳар зан дар зиммаи шавҳараш воҷиб аст, агар зан маҳри худро бахшад, дуруст аст. Агарчи маҳри ҳамсари шуморо падаратон ба зимма гирифтааст, вале шумо метавонед, ки онро аз ҷои падаратон пардохт кунед, аз зиммаашон соқит мешавад.

2018-06-14
3465
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

10.01.2025

Подробнее
Фаджр06:07
Зухр12:40
Аср15:29
Магриб17:26
Иша18:56