Вопрос № 01887

Аз раҳмати Худо дур будан ё ки ноумед будан ва ба лаънати Худо гирифтор шудан чӣ маъно дорад? Худованд кадом гуноҳро намебахшад.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Аз раҳмати Худо дур будан ё ки ноумед будан ва ба лаънати Худо гирифтор шудан чӣ маъно дорад? Худованд кадом гуноҳро намебахшад. 

Саволдиҳанда: Аҳрорҷон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи эътиқоди аҳли суннат ва ҷамоат имони банда бояд миёни хавфу раҷо бошад, яъне аз раҳмати Худо умедвор будан ва аз азобаш ҳарос доштан. Ноумедӣ аз раҳмати Худо куфр ва сабаби хориҷ шудан аз доираи Ислом аст. Бандаи мўъмин ҳамеша ба раҳмати Худо умедвор аст ва барои ноил шудан ба ин тоату ибодат ва амали нек анҷом медиҳад, инчунин аз азоби Ў хавф дорад, аз ин рў, аз гуноҳу маъсият ва ҳаром худдорӣ мекунад. Маънои ба лаънати Худо гирифтор шудан ин аст, ки инсон ба сабаби анҷом додани гуноҳу маъсият аз раҳмату бахшиши илоҳӣ маҳрум мешавад. Чунонки Иблис ба сабаби саркашӣ аз амри Худованд ба лаънат гирифтор шуд. Ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат ин аст, ки бандаи мўъмин ба сабаби гуноҳи кабира аз имон хориҷ намешавад, модоме ки онро ҳалол нашуморад. Худованд ҳамаи гуноҳонро ба ҷуз ширку куфр мебахшад. Бинобар ин, агар бандаи мўъмин гуноҳе содир кард, набояд аз раҳмати Худо ноумед шавад, балки бояд тавбаю истиғфор кунад ва амалҳои нек бисёр анҷом диҳад.

2018-07-19
3311
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39