Вопрос № 01904

Барои чӣ дар баъзе вақтҳо, масалан дар вақти баромадани офтоб ё фурў рафтани он намоз хондан мумкин нест?

Вопрос:

Ассалому алайкум. 1. Барои чӣ дар баъзе вақтҳо, масалан дар вақти баромадани офтоб ё фурў рафтани он намоз хондан мумкин нест? 2. Дар вақти хондани намозҳои чорракъатӣ баъзан адади ракъати онро фаромўш карда як ракъат зиёд ё як ракъат кам мехонам, ҳатто намозро оҳиста ва бо диққат ҳам хонам, баъд аз ракъати чорум фикр мекунам, ки се ракъат хондаам ва боз як ракъат мехонам, оё ин дуруст аст ё дар ин холат намозро аз сар бихонам? 3. Намоз дар кадом ҳолат қазо мешавад? Баъзан вақт намози пешинро аз сабаби серкорӣ ва ё дигар ҳолатҳои ғайриимкон хонда наметавонам ва дар вақти намози аср ё шом онро якҷоя мехонам, оё ин дуруст аст? 

Саволдиҳанда: Мубинҷон

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, вақтҳои намозро соҳиби шариат муайян кардааст, чунонки Худованд мефармояд: Ба дурустӣ ки намоз бар мўъминон фарзи вақти муайянкардашуда аст”. (Сураи “Нисо”, ояти 103)  Инчунин Расули Худо (с) дар баъзе вақтҳо, аз ҷумла дар ду вақти мазкур гузоридани намозро иҷозат надодаанд, зеро дар ин вақтҳо офтобпарастон ба ибодат ва парастиши офтоб машғул мешаванд. 2. Агар ин ҳолат бори аввал пеш омада бошад, намозро аз сар мегузоред ва агар бисёр воқеъ шавад, дар ин сурат ба ғолиби гумонатон амал карда, дар охир саҷдаи саҳв мекунед, иншоаллоҳ намозатон дуруст мешавад. 3. Шумо саъй кунед, ки ҳар намозро дар вақти муайяни он гузоред, агар имкон пайдо нашуд, албатта қазои онро ба ҷо оваред.

2018-08-17
3976
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38