Вопрос № 01928

Агар мусулмонон дар сохтмони калисо иштирок кунанд, мумкин аст? Баъзе аз ҳамватанони мо мегўянд, ки дуруст аст, аммо ман ҷавоби рад додам. Оё ман дуруст гуфтам ё не? Худованд нигаҳбонатон бошад.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Агар мусулмонон дар сохтмони калисо иштирок кунанд, мумкин аст? Баъзе аз ҳамватанони мо мегўянд, ки дуруст аст, аммо ман ҷавоби рад додам. Оё ман дуруст гуфтам ё не? Худованд нигаҳбонатон бошад.

Саволдиҳанда: Кароматулло

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, кор кардан дар сохтмони ибодатгоҳи яҳудиён ё насрониён ва музд гирифтан аз онҳо ҳеҷ боке надорад, чунонки дар китобҳои фиқҳи ҳанафӣ зикр шудааст. Аз ҷумла, дар китоби “Фатовои Қозихон” оид ба ин масъала чунин овардааст: “Агар ба ивази музд ибодатгоҳе ё калисое барои яҳудиён ва насрониён бино кунад, он музд барояш пок аст”. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 3, с. 18, китоби иҷора)

2018-08-31
3747
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.11.2024

Подробнее
Фаджр05:40
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39