Вопрос № 01939
Маънои номи Ситора чист ва ин ном ба дини Ислом рост меояд?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Маънои номи Ситора чист ва ин ном ба дини Ислом рост меояд? Худо аз Шумо розӣ бошад.
Саволдиҳанда: Файзалӣ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи “ситора” дар луғат ба маъноҳои ахтару кавкаб, парда ва чодир меояд. Дар фарҳанги номгузорӣ ин вожа ҳамчун номи занона пазируфта шуда ва маънои он саҳеҳ аст. Аз ин рў, гузоштани ин ном аз нигоҳи Ислом дуруст аст ва ҳеҷ ишколе надорад.