Вопрос № 01976
Дар бораи рўзаи нафл ва тарзи нияти он ба мо маълумот медодед.
Вопрос:
Ассалому алайкум. Дар бораи рўзаи нафл ва тарзи нияти он ба мо маълумот медодед.
Саволдиҳанда: Фарҳод
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, рўзаҳои нафлӣ бисёр аст ва ҳар яке фазилати ба худ хос дорад. Аз ҷумла рўза гирифтан дар рўзҳои душанбе ва панҷшанбе, инчунин рўзаи рўзи Арафа (9-уми Зулҳиҷҷа) ва Ошўро (10-уми Муҳаррам) савоб ва аҷри бештар дорад. Дар ҳолати рўзаи нафл доштан ҳам то дамидани субҳи содиқ тановул кардан суннат аст. Тариқи нияти рўзаи нафл чунин аст: Ният кардам рўзаи нафл дорам аз субҳи содиқ то намози шом.