Вопрос № 00207
Ҳаҷ аз чанд шарт иборат аст?
Вопрос:
Ҳаҷ аз чанд шарт иборат аст?
Ответ:
Шартҳои ҳаҷ 6-то буда, аз инҳо иборатанд:
1. Ислом, яъне мусалмон будан.
2. Булуғ, яъне ба синни балоғат расидан, аз ин рӯ, бар кӯдак ҳарчанд сарватманд ҳам бошад, ҳаҷ фарз нест.
3. Оқил будан, бинобар ин, бар шахси девона ё аблаҳе, ки хубу бадро фарқ намекунад, ҳаҷ фарз нест.
4. Озод будан, аз ин рӯ, ҳаҷ бар ғулом ва ё каниз фарз нест.
5. Огоҳ будан аз фарзияти ҳаҷ, бинобар ин, касе, ки дар ягон гӯшаи дунё бошад, ки Ислом дар он ҷо ривоҷ надорад, пас ӯ мусалмон шавад, вале фарзияти ҳаҷро надонад, то огоҳӣ пайдо накунад, ҳаҷ бар ӯ фарз намешавад.
6. Тавоноӣ доштан бар ҳаҷ, пас касе, ки тавоноӣ ва имконоти моддӣ надорад, ҳаҷ бар ӯ фарз нест.