Вопрос № 00214
Домуллои азиз, ман фарзанддор шудам, мехоҳам, ки номашро Осия гузорам. Вале тарзи дурусти ин номро фаҳмам, тарзи дурусти он дар Қуръони карим чӣ тавр омадааст, Осия ё Асия?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Домуллои азиз, ман фарзанддор шудам, мехоҳам, ки номашро Осия гузорам. Вале тарзи дурусти ин номро фаҳмам, тарзи дурусти он дар Қуръони карим чӣ тавр омадааст, Осия ё Асия? Маънои ин номро шарҳ медодед.
Саволдиҳанда:Фарҳод.
Ответ:
Шуморо ба муносибати фарзанддор шуданатон табрик намуда, дар умру зиндагии ӯ дуои хайру баракат хоҳонем. Ин ном дар Қуръони карим сароҳатан зикр нашудааст, вале дар ҳадиси шариф ворид шудааст. Осия номи зани Фиръавн аст, ки имон оварда буд ва яке аз чаҳор зане аст, ки онҳоро Пайғамбар (с) беҳтарин занони олам хондаааст. Тарзи дурусти ин ном Осия буда, ба чанд маъно омадааст, аз ҷумла бинои устувор, сутун, маҳзун ва табиб.