Вопрос № 02240

Ман вақте таҳорат ё оббозӣ мекунам, хаёл мекунам, ки пок нашудаам, сабабш чист? Ҳангоми расидани даст ё пойам ба чизе гумон мекунам, ки таҳоратам шикастааст ва ҳама чиз дар назарам бенамоз аст. Ин беморӣ дар вуҷуди ман зиёд ва вазъиятам рўз ба рўз бад шуда истодааст.

Вопрос:

Ман вақте таҳорат ё оббозӣ мекунам, хаёл мекунам, ки пок нашудаам, сабабш чист? Ҳангоми расидани даст ё пойам ба чизе гумон мекунам, ки таҳоратам шикастааст ва ҳама чиз дар назарам бенамоз аст. Ин беморӣ дар вуҷуди ман зиёд ва вазъиятам рўз ба рўз бад шуда истодааст. Рўзҳои охир бисёр асабонӣ мешавам, суханҳои қабеҳ бисёр мегўям ва баъзан фикри худкуширо мекунам. Илтимос, кумак кунед.

Саволдиҳанда: Фаридун

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, шумо ба бемории васвос гирифтор шудаед, аз ин рў, вақте ки таҳорат мекунед, обро исроф накунед ва ба васвасаҳои шайтонӣ эътибор надиҳед, зикри Худоро бисёр гўед, хусусан зикри “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ”-ро бисёр такрор кунед, илова бар ин, ба мутолиаи ягон китоби панду ҳикмат машғул шавед, иншоаллоҳ аз ин беморӣ халос мешавед.

2019-07-13
3440
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.11.2024

Подробнее
Фаджр05:39
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:09
Иша18:39