Вопрос № 02251
Агар дар яке аз ракъатҳои намози суннат пас аз сураи “Фотиҳа” хондани сураро фаромўш карда, ба рукуъу саҷда равем ва дар ракъати дуюм онро ба хотир орем, дар ин ҳолат чӣ кор кунем?
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Агар дар яке аз ракъатҳои намози суннат пас аз сураи “Фотиҳа” хондани сураро фаромўш карда, ба рукуъу саҷда равем ва дар ракъати дуюм онро ба хотир орем, дар ин ҳолат чӣ кор кунем?
Саволдиҳанда: Иброҳим
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар ин ҳолат намозатонро идома медиҳед ва дар охири намоз саҷдаи саҳв мекунед, иншоаллоҳ намозатон комил мешавад.