Вопрос № 02348
Маънои номи Субҳиддинро мефаҳмондед, хеле миннатдор мешудам.
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Маънои номи Субҳиддинро мефаҳмондед, хеле миннатдор мешудам.
Саволдиҳанда: Субҳиддин
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, калимаи “субҳ” дар луғат ба маънои бомдод, сапедадам ва вақти сафед шудани рўз, маҷозан оғози чизе буда, калимаи “дин” ба маънои оину мазҳаб мебошад. Пас, маънои ин ном оғози динро ифода мекунад ё ки соҳиби он дар дин чун субҳ равшан аст, яъне рафтору гуфтораш поку соф ва барои дин ҳамчун субҳ манфиатнок мебошад.