Вопрос № 02388
Ман як дўстдошта дорам, аммо падару модарам розӣ нестанд, ки бо якдигар издивоҷ кунем. Падари духтар ба ў гуфтааст, ки агар дўстдоштаатро интихоб кунӣ, туро намебахшам, ту бо писари хешовандам издивоҷ бояд кунӣ. Агар мо бо якдигар издивоҷ кунем, чӣ мешавад?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Ман як дўстдошта дорам, аммо падару модарам розӣ нестанд, ки бо якдигар издивоҷ кунем. Падари духтар ба ў гуфтааст, ки агар дўстдоштаатро интихоб кунӣ, туро намебахшам, ту бо писари хешовандам издивоҷ бояд кунӣ. Агар мо бо якдигар издивоҷ кунем, чӣ мешавад?
Саволдиҳанда: Фаррух
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, масъалаи интихоби ҳамсар ва издивоҷ бо шарики ояндаи зиндагӣ бояд аз рўи ақли хирад ва бо машварати волидон сурат гирад, на аз рўи эҳсоси ишқу муҳаббати ҷавонӣ ва шаҳвонӣ. Шояд дар издивоҷ бо ин дўстдоштаатон комёбӣ набошад. Аз ин рў, шумо сидқан дуо кунед ва аз Худованд хайру некӣ бихоҳед, иншоаллоҳ мушкилатон ҳал мешавад.