Вопрос № 02433
Дар вақти намоз фикр мекунам, ки сураҳоро хато мехонам, боз аз сари нав мехонам. Як-ду бор дуоям хонданд, гуфтанд, ки ин асари васвос аст. Ҳоло ҳам ба ҳамон ҳолат дучор шудаам. Ман чӣ кор кунам?
Вопрос:
Ассалому алайкум. Дар вақти намоз фикр мекунам, ки сураҳоро хато мехонам, боз аз сари нав мехонам. Як-ду бор дуоям хонданд, гуфтанд, ки ин асари васвос аст. Ҳоло ҳам ба ҳамон ҳолат дучор шудаам. Ман чӣ кор кунам?
Саволдиҳанда: Иброҳим
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо ба ин васваса эътибор надиҳед, вақте ки сураро хондед, онро дигар такроран нахонед, балки намозатонро идома диҳед ва ба поён расонед, иншоаллоҳ намозатон дуруст мешавад.