Вопрос № 00247
“Ҳасбияллоҳу ниъмал-мавло ва ниъмал-вакил ва ниъман-насир” ё ки “Ҳасбуналлоҳу...”? Кадомаш дуруст аст?
Вопрос:
“Ҳасбияллоҳу ниъмал-мавло ва ниъмал-вакил ва ниъман-насир” ё ки “Ҳасбуналлоҳу...”? Кадомаш дуруст аст?
Саволдиҳанда:Солеҳ
Ответ:
Ҳарду ваҷҳ дуруст аст. “Ҳасбуналлоҳ” шакли ҷамъро ифода мекунад, “Ҳасбияллоҳ” шакли танҳоро. Қисмати аввали он, яъне ҷумлаи “Ҳасбуналлоҳу ва ниъмал-Вакил” дар ояти 173-уми сураи “Бақара” омадааст, яъне “Худо моро бас аст ва нек Коргузор аст”. Қисмати охири он, яъне ҷумлаи “ниъмал-Мавло ва ниъман-Насир” бошад, дар ояти 40-уми сураи “Анфол” зикр шудааст ва маънояш чунин мешавад: “Вай нек мададгор ва нек ёридиҳанда аст”. Агар дар вақти дуо танҳо худро дар назар дошта бошад, “Ҳасбияллоҳу ва ниъмал-Вакил, ниъмал-Мавло ва ниъман-Насир” гӯяд ва агар ҷамъро дар назар дорад, “Ҳасбуналлоҳу...” гуфтан беҳтар аст.