Вопрос № 00025

Мехоҳам дар бораи масъалаи тавҳид маълумот диҳед.

Вопрос:

Ассалому алайкум, домуллои муҳтарам. Мехоҳам дар бораи масъалаи тавҳид маълумот диҳед.
Одилхон аз Исфара:

Саволдиҳанда Одилхон

Ответ:

 «Тавҳид» - яъне эътиқод бар ин ки Худо ягона ва беҳамтост ва ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ шоистаи парастиш нест, пас шахсе, ки дорои чунин эътиқод бошад, ӯро «муваҳҳид» мегӯянд. Дини Ислом дини тавҳид аст ва шахс то вақте муваҳҳиди комил ва воқеъӣ нагардад, ҳаргиз мусулмони ҳақиқӣ ба шумор намеравад. Қуръони карим ягона гуноҳеро, ки қобили бахшиш намедонад, ҳамоно ширк ба Худост. Худованд мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ لَا يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَاءُ ۚ [٤:١١٦]

«Ба дурустӣ, Худо онро, ки ба Ӯ ширк орад, намеомурзад; ва ғайри ширк ҳар киро хоҳад, меомурзад». («Нисо»; 116).

Муваҳҳиди воқеъӣ аз назари Қуръони карим шахсест, ки Худоро дар ҳама амрҳои зерин яккаву ягона бишиносад:

1. Дар зот, яъне Худо дар зоти худ ягона ва беҳамтост. Худованд мефармояд:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ ۖ وَهُوَ السَّمِيعُ الْبَصِيرُ [٤٢:١١]

«Чизе монанди Ӯ нест; ва Ӯ Шунавои Бино аст». («Шӯро»; 11).

وَلَمْ يَكُن لَّهُ كُفُوًا أَحَدٌ [١١٢:٤]

«Ва ҳеҷ кас Ӯро ҳамто нест». («Ихлос»; 3).

2. Дар офариниш, яъне Худованд ягона Холиқи ҳастӣ аст ва ҷуз Ӯ офаринандае вуҷуд надорад. Худованд мефармояд:

قُلِ اللَّهُ خَالِقُ كُلِّ شَيْءٍ وَهُوَ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ [١٣:١٦]

«Бигӯ: «Худо Офаринандаи ҳар чиз аст ва Ӯ Ягонаи Ғолиб аст»». («Раъд»; 16).

 3. Дар тадбир, яъне эътиқод бар ин ки идора кардани ҷаҳон дар тасарруфи Худованд аст, тадбиркунандаи ҳастӣ фақат Ӯ таъоло мебошад. Худованд мефармояд:

قُلْ مَن يَرْزُقُكُم مِّنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ [١٠:٣١]

«Бигӯ: «Кӣ шуморо аз осмону замин рӯзӣ медиҳад?». («Юнус»; 31).

4. Дар маъбудият, яъне касе ҷуз Худованд сазовори парастиш нест. Худованд мефармояд:

وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَّسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ ۖ

«Ҳамоно дар ҳар гурӯҳе пайғамбареро фиристодем, ки Худоро бипарастед ва аз бутон бипарҳезед». («Наҳл»; 36).

5. Дар хавф, яъне ҷуз Худованд аз касе натарсем. Худованд мефармояд:

فَلَا تَخَافُوهُمْ وَخَافُونِ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ [٣:١٧٥]

«Пас, шумо аз кофирон матарсед ва агар мӯъмин ҳастед, аз Ман битарсед». («Оли Имрон»; 175).

6. Дар умед (раҷо) – яъне умед ҷуз ба Аллоҳ надошта бошад. Худованд мефармояд:

بِيَدِكَ الْخَيْرُ ۖ إِنَّكَ عَلَىٰ كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ [٣:٢٦]

«Некӣ ба дасти Туст. Ба дурустӣ ки Ту бар ҳама чиз Тавоноӣ». («Оли Имрон»; 26).

Хулоса ҳар касе бихоҳад мусулмони ҳақиқӣ бошад ва дар ин дунё ва ҳам дар охират ба саодати абадӣ бирасад, бояд ҳамаи ин аломатҳо ва дараҷаҳоро дошта бошад.

2015-02-10
4413
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43