Вопрос № 02539

Намози нофила аз чанд ракъат иборат аст ва кадом вақт гузорида мешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Намози нофила аз чанд ракъат иборат аст ва кадом вақт гузорида мешавад?

Саволдиҳанда: Давлат

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, намози илова ба фарзу воҷибро намози нафл ё нофила мегўянд ва он намози ихтиёрӣ буда, монанди намози суннат гузорида мешавад, яъне дар ҳар як ракъати он сураи “Фотиҳа” бо замми сурае хонда мешавад. Гузоридани намози нофила дар ҳама вақт ҷоиз аст, вале дар вақтҳои зайл макрўҳ аст: вақти хутба хондани имом дар ҷумъа, пас аз дамидани субҳ то баланд шудани офтоб, пас аз гузоридани аср то адои намози шом. Равиши нияти намози нафл чунин аст: Ният кардам бигузорам ду (ё чор) ракъат намози нафл, рўй овардам ба қибла, қибла ҷиҳати Каъба, холисан лиллоҳи таъоло Аллоҳу акбар. Агар “ният кардам намоз гузорам” ҳам гўяд, намоз саҳеҳ мешавад. Албатта беҳтар ин аст, ки “ният кардам ду ё чор ракъат намози нафл гузорам” гўяд.

2021-04-15
2696
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

07.05.2024

Подробнее
Фаджр03:40
Зухр12:40
Аср17:29
Магриб19:34
Иша21:04