Вопрос № 02547

Дуои ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи фарзанд ё фарзанддор шудан ва фарзанди солеҳ талаб кардан кадом аст? Оё ин дуо дар ягон ояти Қуръон омадааст?

Вопрос:

Ассалому алайкум бародарони азиз. Дуои ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи фарзанд ё фарзанддор шудан ва фарзанди солеҳ талаб кардан кадом аст? Оё ин дуо дар ягон ояти Қуръон омадааст?

Саволдиҳанда: Беҳрўз

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуоҳои ҳазрати Иброҳим (а) дар бораи талаби фарзанди солеҳ ва дар ҳаққи фарзанд дар оятҳои зерини Қуръон зикр шудаанд:

«Эй Парвардигори ман, ба ман аз шоистагон (фарзанде) ато кун! Пас, ўро ба навҷавони бурдборе башорат додем. (Сураи «Соффот», 100-101)

«Сипос Он Худойрост, ки ба ман – бо вуҷуди калонсолӣ – Исмоил ва Исҳоқро ато кард. Ҳамоно Парвардигори ман Шунавандаи дуо аст. Эй Парвардигори ман, маро ва авлоди маро (низ) барподорандаи намоз бикун. Ва эй Парвардигори мо, дуои маро қабул кун». (Иброҳим, 39-40)

2021-04-23
2197
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43