Вопрос № 02549

Шартҳои эътикоф кадомҳоянд?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Шартҳои эътикоф кадомҳоянд?

Саволдиҳанда: Муҳаммад

 

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, эътикоф дар ҳар вақте, ки рўза гирифтан дар он ҷоиз бошад, раво аст. Вале беҳтарин вақт барои он моҳи мубораки Рамазон, махсусан даҳ рўзи охири ин моҳ аст, ки дар он эътикоф суннати муаккада мебошад, зеро Расули Худо (с) бар он мудовамат доштанд. Шахси эътикофнишин дар аснои эътикоф ба тиловати Қуръони карим, зикр, дуруду салавот ба Паёмбари гиромӣ (с) машғул шуда, фақат сухани нек ба забон меорад. Баромадани муътакиф аз масҷид барои таҳорату ғусл равост. Агар касе дар масҷиди панҷвақта эътикоф нишаста бошад, барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ рафта, баъд аз адои ҷумъа зуд бармегардад. Бидуни узр аз масҷид берун баромадан эътикофро фосид месозад. Ҳамчунин бўса намудани ҳамсар ва ҳамхоба шудан бо ў дар ҳолати эътикоф ҷоиз нест. Агар аз як маҳалла ё деҳа як нафар эътикоф нишинад, аз зиммаи дигар сокинон эътикоф соқит мешавад. Барои муътакиф хобидан дар масҷид равост.

2021-04-24
1772
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

19.05.2024

Подробнее
Фаджр03:30
Зухр12:40
Аср17:41
Магриб19:45
Иша21:15