Вопрос № 02576

Пас аз итмоми қироати Қуръон дар вақти фотиҳахонӣ чӣ тавр бояд дуо кард. Ягон дуо бо забони тоҷикӣ нависед.

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои азиз. Пас аз итмоми қироати Қуръон дар вақти фотиҳахонӣ чӣ тавр бояд дуо кард. Ягон дуо бо забони тоҷикӣ нависед.

Саволдиҳанда: Абдураҳим

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз Қуръон шумо метавонед ин дуоро бихонед: «Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақўно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманў, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».

Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дўзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.   

«Аллоҳумма иннӣ асъалаука хайрал-масъалати ва хайрад-дуои ва хайран-наҷоҳи ва хайрас-савоби ва саббитнӣ ва саққил мавозинӣ ва ҳаққиқ имонӣ варфаъ дараҷатӣ ва тақаббал салотӣ вағфир хатиотӣ ва асъалукад-дараҷотил-ъуло минал-ҷаннаҳ».

Тарҷума: Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам, маро собитқадам бидор ва каффаи некиҳоямро сангин бигардон, имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон, намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз, дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам.

«Аллоҳумма иннӣ асъалука илман нофиъан ва ризқан таййибан ва амалан мутақаббалан».

Тарҷума: Худовандо! Аз Ту илми судманд, ризқи ҳалол ва амали мақбул мехоҳам.

Барои маълумоти бештар шумо метавонед аз дуконҳои китобфурўшии назди Маркази исломӣ китоби «Дуоҳо»-ро дастрас намуда мутолиа кунед.

2021-05-09
2364
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43