Вопрос № 02582

Агар дар давоми сол миқдори нисоб ҷамъ шавад, пардохти закот ҳатмӣ мегардад ё ки аз як сол бояд зиёд бошад? Дар тўли чанд сол маблағи 25000 сомонӣ барои хариди мошин ё таъмири хона ҷамъ карда бошам, бояд закот диҳам?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Агар дар давоми сол миқдори нисоб ҷамъ шавад, пардохти закот ҳатмӣ мегардад ё ки аз як сол бояд зиёд бошад? Дар тўли чанд сол маблағи 25000 сомонӣ барои хариди мошин ё таъмири хона ҷамъ карда бошам, бояд закот диҳам?

Саволдиҳанда: Ислом

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пардохти закот пас аз гузаштани як сол аз таърихи ба нисоб расидани маблағ воҷиб мешавад. Масалан, агар шумо дар муддати чанд сол маблағ ҷамъ кардаед ва фарз кунем, ки моҳи Рамазони гузашта соҳиби 25 сомонӣ  шуда бошед, пас аз гузаштани як соли қамарӣ, яъне дар моҳи Рамазони ҳамин сол бар шумо пардохти закот воҷиб мегардад, ба шарте ки он маблағ ба таври комил дар дастатон мавҷуд буда, ҳанўз онро сарф накарда бошед, агарчи барои хариди мошин ё таъмири хона онро ҷамъ кардаед.

2021-05-12
2684
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42