Вопрос № 02596

Бегоҳи ҷумъа дар ҳаққи майит чӣ гуна дуо хонда мешавад?

Вопрос:

Суол: Бегоҳи ҷумъа дар ҳаққи майит чӣ гуна дуо хонда мешавад?

Саволдиҳанда:Дилшод

Ответ:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз нигоҳи ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат дуои зиндагон дар ҳаққи мурдагон нафъ дорад ва он вақти муайян надорад. Албатта бегоҳи ҷумъа дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон фазилати дигаре дорад ва дар ин вақт кадом сура ё ояте, ки хонда шавад, савоб аз он ҳосил мешавад, пас онро ба арвоҳи гузаштагон мебахшед. Равиши дуои мазкур чунин аст:

Бор Худоё! Савобу самараи ин оёту сураҳои мубораки тиловатшударо ҳамчун ҳадия ба арвоҳи ҷумла пайғамбарон, хусусан ба рўҳи пурфутуҳи Расули акрам (с) бирасон, баъд аз он ба арвоҳи тамоми хонадону ёрони он Ҳазрат (с) ва ба арвоҳи тобеъину табаъи тобеъин, ҳамаи мардону занони муъмину мусалмон ва ба арвоҳи падарону модарон ва тамоми касоне, ки аз мо дуои хайр талаб намудаанд, бирасон, хусусан ба арвоҳи гузаштагони ин макону хонадон бирасон. Дар ҳақиқат Ту шунаванда ва иҷобаткунандаи дуоҳо ҳастӣ! Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки бар мо дар имон овардан сабқат карданд, биёмурз ва дар дилҳои мо барои аҳли имон ҳеҷ кинае қарор мадеҳ; Парвардигоро! Ба ростӣ ки Ту Меҳрубону Раҳим ҳастӣ!

2021-09-01
2350
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

25.12.2024

Подробнее
Фаджр06:05
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43