Вопрос № 00260
Мо мехостем дар боби қасам хӯрдан ба номи Аллоҳро фаҳмем. Ман бо як дӯстамқасам ба номи Аллоҳ хӯрдам, ки дигар бо вай гап намезанам. Оё ягон ривояте ҳаст, ки ман аз нав гап зада, дӯстиямро давом диҳам.
Вопрос:
Ассалому алайкум, домуллои азиз. Мо мехостем дар боби қасам хӯрдан ба номи Аллоҳро фаҳмем. Ман бо як дӯстамқасам ба номи Аллоҳ хӯрдам, ки дигар бо вай гап намезанам. Оё ягон ривояте ҳаст, ки ман аз нав гап зада, дӯстиямро давом диҳам. Як домуллои маҳалларо дар ҳамин масъала пурсидем, мегӯяд, ки се рӯз рӯза гирифта, тавба кунӣ, боз аз нав метавонӣ дӯстиятро давом диҳӣ. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед? Илтимос ба ман зудтар ҷавоби худро диҳаед, зарур аст.
Саволдиҳанда:Нурулло.
Ответ:
Шумо ба номи Аллоҳ қасам хӯрда бошед, ҳонис мешавед, яъне савгандатонро мешиканед ва ба ӯ сухан мегӯед, баъд аз он се рӯз рӯза медоред. Сипас дӯстиятонро давом медиҳед, дигар боке надорад.