Вопрос № 00261

Раҳмати Аллоҳ бар шумоён, ки тариқи саволдиҳӣ ва чизе дастрас кардани аҳли мусулмонони тоҷикзабонро осон кардаед. Чӣ тавр намози нафл хонда мешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Раҳмати Аллоҳ бар шумоён, ки тариқи саволдиҳӣ ва чизе дастрас кардани аҳли мусулмонони тоҷикзабонро осон кардаед. Суоли 1. Чӣ тавр намози нафл хонда мешавад? Суоли 2. Дар як сайти исломӣ мақолаи садақаро хондаам, ки ба ҷугиён садақа додан ин азоби дӯзахро ба онҳо додан аст. Инро шарҳ диҳед. Суоли 3. Дар вақти дуо вақте номи Пайғамбар (с) гирифта мешавад, баъзе одамон камтар саҷда мекунанд. Шарҳ диҳед. Дуоям кунед. Раҳмат.

Саволдиҳанда:Илҳомҷон

Ответ:

Намози нафлро ду ё чор ракъат хондан дар ҳама вақт дуруст аст, ба ҷуз вақтҳои зайл: вақти тулуъи офтоб, ҳангоми нисфирӯзӣ, дар вақти ғуруби офтоб, пас аз субҳи содиқ ва баъд аз намози аср. 2. Ба касоне, ки талабиданро барои худ касб кардаанд, агар ниёзманд набошанд, додани садақа ҳаром аст. Агар ниёзманд ё доро будани онҳо маълум набошад, пас дар ин ҳолат додани садақа дуруст аст. Садақа додан барои ниёзмандон аст ва он амали писандида ва кори савоб мебошад. Дар ҳадисҳои набавӣ омадааст, ки садақа ғазаби Худоро хомӯш мекунад, балоро дур мегардонад ва оташи дӯзахро паст месозад. 3. Дар вақти дуо чун номи Пайғамбар (с)-ро зикр кардед ва ё шунидед, ба ӯ дуруду салом фиристед, зеро эҳтироми Пайғамбар (с) ба дуруд фиристодан ба ҷо меёбад. Баъзе одамон худашонро камтар меҷунбонанд, таъзим мекунанд, ки ин кор хуб нест, агар ин корро анҷом ҳам диҳанд, боке надорад ва савоб ҳам надорад. Худованди мутаъол шуморо муваффақ гардонад.

2016-01-13
4068
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57