Вопрос № 02624
Бародарам бо ҳамсараш ҷанҷол карданд. Ҳамсараш гуфт, ки баромада меравам. Бародарам дар ҳолати асабоният гуфт, ки “агар баромада равӣ, ту ба ман се талоқ”. Янгаам то ҳол аз хона набаромадааст. Бародарам мегўяд, ки суханҳои гуфтаам дар хотирам намондааст...
Вопрос:
Ассалому алайкум. Бародарам бо ҳамсараш ҷанҷол карданд. Ҳамсараш гуфт, ки баромада меравам. Бародарам дар ҳолати асабоният гуфт, ки “агар баромада равӣ, ту ба ман се талоқ”. Янгаам то ҳол аз хона набаромадааст. Бародарам мегўяд, ки суханҳои гуфтаам дар хотирам намондааст. Агар янгаам барои гирифтани об аз дари хона берун шавад ва баргашта дарояд, никоҳашон бурида мешавад?
Саволдиҳанда:Айёр
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар нияти бародаратон аз лафзи “баромада равӣ” хонаи волидайни ҳамсараш бошад, берун омадани ҳамсар барои гирифтани об монеъе надорад ва талоқ воқеъ намегардад. Барои ҷавоби муфассал додан ба суоли мазкур донистани ҳолатҳои масъала зарур аст, бино бар ин, шумо дар сурати имкон ба Раёсати фатво муроҷиат кунед.