Вопрос № 02762
Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам...
Вопрос:
Ман дар Русия муҳоҷирам. Ҳамсарам рўзе аз ман нопурсида ба хонаи волидонаш меравад. Ман инро шунида ҷанҷол кардам, баъдан гуфтам, ки “агар аз ин пас нопурсида рафтӣ, се талоқат мекунам ё се талоқ ё се талоқатро медиҳам”. Дар хотир надорам, ки кадом яке аз ин лафзҳоро гуфтаам. Ҳамсарам мегўяд, ки “нопурсида рафтӣ, ба Худо қасам се талоқатро медиҳам” гуфтаам. Дар дилам шубҳа аст, ки никоҳам барҷост ё шикастааст, ҳайронам.
Саволдиҳанда:Манучеҳр
Ответ:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, никоҳи шумо барқарор аст, парешонхотир нашавед, зеро лафзи “талоқатро медиҳам” ё “талоқат мекунам” замони ояндаро ифода мекунад ва бо ин лафз талоқ воқеъ намешавад. Вақте ки аз Русия ба ватан омадед, барои рафъи шубҳа ва таскини қалбатон никоҳи эҳтиётӣ кунед ва зиндагиатонро идома диҳед. Кўшиш кунед, ки дар оянда талоқро на танҳо аз забон, ҳатто аз зеҳнатон дур гардонед.