Вопрос № 02766
Мо дар ноҳияи Данғара 12-13 рўз кор мекунем ва ду рўз истироҳат дорем. Дар он ҷо намозҳоямонро қаср хонем ё пурра.
Вопрос:
Ассалому алайкум. Мо дар ноҳияи Данғара 12-13 рўз кор мекунем ва ду рўз истироҳат дорем. Дар он ҷо намозҳоямонро қаср хонем ё пурра.
Саволдиҳанда:Меъроҷ
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар мазҳаби ҳанафӣ масофаи сафар се марҳала аст ва тибқи қарори Шўрои уламо ба ҳисоби имрўза 120 км муайян шудааст. Агар масофаи байни макони зисти шумо то ноҳияи Данғара 120 км бошад, дар ин ҳолат шумо намозро қаср мегузоред. Агар масофа аз ин миқдор камтар бошад, пас дар ин сурат намозҳоятонро пурра мегузоред.