Вопрос № 02784

Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

Вопрос:

Оё зане, ки аз шавҳараш ҷудо шудааст, нафақааш бар зиммаи кист?

Саволдиҳанда:

Ответ:

Нафақаи ў бар зиммаи касоне мебошад, ки дар Қуръон баён шудааст. Худованд дар ояти 215-уми сураи “Бақара” мефармояд: “Аз ту суол мекунанд: «Чӣ (навъи харҷ кардан) харҷ кунанд?» Бигў: «Он чӣ аз мол харҷ мекунед, пас, бояд барои падару модар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва ба дурустӣ ки Худо ба он чи аз некӣ мекунед Доно аст. Тибқи таълимоти Ислом бенафақа гузоштани занон дуруст нест. Нафақаи духтарон то вақти издивоҷ бар зиммаи падар ва пас аз издивоҷ дар зиммаи шавҳар аст. Агар шавҳар надошта бошад, пас нафақаи ў дар зиммаи падар аст, агар падар надошт, дар зиммаи бародарон аст. Агар инҳо имконияти молӣ дошта бошанд, вале ўро бе нафақа гузоранд, ҳама дар пеши Худованд гунаҳгор мешаванд.

2022-12-27
1416
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43