Вопрос № 02800

Саҷдаи саҳв чист?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Саҷдаи саҳв чист?

Саволдиҳанда:Гулбаҳор

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Хоҳари азиз, саҷдаи саҳв он аст, ки дар охири намоз анҷом дода мешавад. Агар намозгузор дар аснои намоз яке аз воҷиботи намозро тарк кард, бар ў саҷдаи саҳв воҷиб мегардад. Ҳангоме ки саҷдаи саҳв воҷиб мешавад, баъд аз хондани «Аттаҳийёт» ба ду тараф салом дода, «Аллоҳу Акбар» мегўяд ва паси ҳам ду саҷда анҷом медиҳад. Баъд аз саҷдаи дувум «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро хонда салом медиҳад. Агар саҷдаи саҳв бар имом воҷиб шуда бошад, танҳо ба тарафи рост салом дода, баъд саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад. Саҷдаи саҳв ба сабаби яке аз панҷ иллати зайл воҷиб мегардад:

1. Ба тақдими фарз, мисли рукуъ намудан пеш аз қироат;

2. Ба таъхири фарз, монанди таъхир намудани ракъати сеюм ба сабаби илова кардан бар «ташаҳҳуд»;

3. Ба такрор намудани фарз, монанди ду бор рукуъ кардан;

4. Ба тағйир додани воҷибе, монанди баланд хондан дар намозе, ки бо овози паст хонда мешавад ва ё баръакс;

5. Ба тарк намудани воҷибе, монанди тарк намудани қаъдаи аввал.

Дар сурати тарк шудани яке аз фарзҳои намоз саҷдаи саҳв кифоят намекунад, балки аз сар гузоридани намоз лозим мегардад. Дар сурати тарки яке аз суннатҳои намоз саҷдаи саҳв лозим намешавад.

2023-04-04
1349
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42