Вопрос № 02817

Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар вақти оғўш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда ва либос бенамоз мешавад?

Саволдиҳанда: Суннатуллоҳ

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз шармгоҳ (роҳи пеш) чор навъ об хориҷ мешавад: манӣ, мазӣ, вадӣ ва пешоб. Манӣ обе аст, ки дар ҳолати эҳтилом ё ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва баъзан дар ҳолати нигоҳи бошаҳват ё оғўш гирифтан бо ҷаҳиш ва шаҳват хориҷ мешавад. Мазӣ обе аст, ки дар ҳолати нигоҳи бошаҳват, оғўш гирифтан ё бўсидани ҳамсар мебарояд. Вадӣ ҳамон оби рақиқи беранг аст, ки гоҳ-гоҳе бар асари хунукзадагӣ хориҷ мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани манӣ ғусл воҷиб мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани мазӣ, вадӣ ва пешоб фақат вузў бар инсон воҷиб мешавад, на ғусл. Дар ҳама суратҳои мазкур агар либос ба яке аз инҳо олуда шуда бошад, шустани он лозим ва воҷиб мешавад.

2023-04-12
907
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.12.2024

Подробнее
Фаджр06:03
Зухр12:40
Аср15:14
Магриб17:12
Иша18:42