Вопрос № 00282

Суол аз Саттор Бобохонов ба унвони Шӯрои уламо ба воситаи ҳафтаномаи «СССР»Агар намоз бо хатоиҳо хонда шавад, барои кадом хатоиҳо саҷдаи саҳв зарур не? Ҳамин суол аз пурбаҳстарин мавзуъҳо дар байни намозгузорон аст ва ҳар кас ҳар хел фикр дорад. Аммо посухи дақиқ ва муътамад нест

Вопрос:

Ответ:

Саҷдаи саҳв саҷдаи воҷиб аст, ки ҷиҳати ҷуброни нуқсон ва ё иловае, ки дар намоз ба ғафлат сурат мегирад, анҷом дода мешавад.

Саҷдаи саҳв ба сабаби яке аз панҷ иллати зайл воҷиб мегардад:

1. Ба тақдими фарз, мисли рукуъ намудан пеш аз қироат;

2. Ба таъхири фарз, монанди таъхир намудани ракъати сеюм ба сабаби илова кардан бар «ташаҳҳуд»;

3. Ба такрор намудани фарз, монанди ду бор рукуъ кардан;

4. Ба тағйир додани воҷибе, монанди баланд хондан дар намозе, ки бо овози паст хонда мешавад ва ё баръакс;

5. Ба тарк намудани воҷибе, монанди тарк намудани қаъдаи аввал.

Дар сурати тарк шудани яке аз фарзҳои намоз саҷдаи саҳв кифоят намекунад, балки аз сар гузоридани намоз лозим мегардад. Дар сурати тарки яке аз суннатҳои намоз саҷдаи саҳв лозим намешавад.

Ҳангоме ки саҷдаи саҳв воҷиб мешавад, баъд аз хондани «Аттаҳийёт» ба ду тараф салом дода, «Аллоҳу Акбар» мегӯяд ва паси ҳам ду саҷда анҷом медиҳад. Баъд аз саҷдаи дувум «Аттаҳийёт», «Салавот» ва дуоро хонда салом медиҳад. Агар саҷдаи саҳв бар имом воҷиб шуда бошад, танҳо ба тарафи рост салом дода, баъд саҷдаи саҳвро анҷом медиҳад.

2016-02-04
3577
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57