Вопрос № 02835
Гузоридани намоз дар хона бидуни азону иқомат дар кадом ҳолат дуруст аст?
Вопрос:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Гузоридани намоз дар хона бидуни азону иқомат дар кадом ҳолат дуруст аст?
Саволдиҳанда: Саидазаматхон
Ответ:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шумо дар шаҳр иқомат дошта бошед, пас дар ин ҳолат азони масҷид барои шумо кофӣ аст, вале беҳтар ин аст, ки қабл аз намоз азону иқомат гўед, то ки ҷинну шайтон аз хона фирор кунанд ва файзу баракат ҳосил шавад.