Вопрос № 00286

Чаро Раиси Маркази исломӣ ва кормандони он ҳамеша ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ таъкид мекунанд?

Вопрос:

Чаро Раиси Маркази исломӣ ва кормандони он ҳамеша ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ таъкид мекунанд?

Саволдиҳанда:Абдуллоҳ, аз шаҳри Ваҳдат.

 


 

Ответ:

Сабаби тарғиб ва тавсия намудани Раиси Маркази исломӣ ва имомхатибон ба пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар он аст, ки пайравӣ аз ин мазҳаб фавоиди бисёреро дар бар дорад. Аз ҷумла, дар мазҳаби ҳанафӣ ҳама амал дар асоси гуфтаҳои Худо ва Расули Ӯ (с) анҷом мегирад. Дигар фоидаи арзишманди он таҳаммулпазирист, ки меҳвари асосии ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа дар он инъикос ёфтааст. Имрӯз ҳар як фарди солимфикр медонад, ки олами Ислом ба сабаби ихтилофоти ақидавию мазҳабӣ ба майдони ҷангу хунрезӣ кашида шудааст. Пас чӣ гуна дар ин масъалаи мубрами рӯз бетарафӣ ва хомӯширо ихтиёр мекунанд? Дар замони муосир барои ҳар фард ва ҷомеае оромию осудагӣ монанди обу ҳаво зарур мебошад. Бинобар ин, яккамазҳабӣ омили асосӣ ва муҳимми ваҳдату оромӣ ба шумор меравад.


 

2016-02-04
4312
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

24.12.2024

Подробнее
Фаджр06:04
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:13
Иша18:43