Вопрос № 02928

Дар бисёр китобҳо шаш калимаи динӣ, махсусан калимаи панҷум ва шашум гуногун навишта шудааст. Лутфан тарзи дурусти ин шаш калимаро нависед.

Вопрос:

Ассалому алайкум. Дар бисёр китобҳо шаш калимаи динӣ, махсусан калимаи панҷум ва шашум гуногун навишта шудааст. Лутфан тарзи дурусти ин шаш калимаро нависед.

Саволдиҳанда:Муҳаммад

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар китобҳои фиқҳӣ шаш калимаи динӣ чунин зикр шудааст:

Аввал, калимаи таййиба: «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадур-Расулуллоҳ». Яъне: Нест Худое ба ҷуз Аллоҳ таъоло, ҳазрати Муҳаммад (с) Пайғамбари Аллоҳ аст.

Дувум, калимаи шаҳодат: «Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва Расулуҳу». Яъне: Гувоҳӣ медиҳам, ки Худое ба ҷуз Аллоҳ таъоло нест ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) бандаи Худо ва Пайғамбари Ўст.

Сеюм, калимаи тавҳид: «Ло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳ. Лаҳу-л-мулку ва лаҳу-л-ҳамд. Юҳйӣ ва юмиту ва Ҳува Ҳайюл-ло ямуту биядиҳи-л-хайр. Ва Ҳува ъало кулли шайъин Қадир». Яъне: Нест Худое ба ҷуз Аллоҳи ягона, нест Ўро ҳамто ва шарике, мулк аз Ўст ва ҳамду ситоиш барои Ўст. Ҷонбахш ва ҷонситон Ўст, Ў зинда аст ва ҳаргиз намемирад, некӣ ба дасти Ўст ва Ў ба ҳамаи чиз қодиру тавоно аст.

Чорум, калимаи тамҷид: «Субҳоналлоҳи ва-л-ҳамду лиллоҳи ва ло илоҳа иллаллоҳу валлоҳу акбар ва ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-ъалиййи-л-ъазим. Мо шоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун». Яъне: Аллоҳ пок аст ва ҳамду ситоиш аз они Худост ва Худое ғайри Аллоҳ нест ва Аллоҳ бузург аст. Нест тавоноию қудрат, магар ба ёрии Худои бартару бузург. Он чи Худо хост, воқеъ шуд ва он чи нахост, нашуд.

Панҷум, калимаи истиғфор: «Астағфируллоҳ, астағфируллоҳ, астағфируллоҳа таъоло мин кулли занбин азнабтуҳу ъамдан ав хатаан, сирран ав ъалониятан ва атубу илайҳи миназ-занбиллазӣ аъламу ва миназ-занбиллазӣ ло аълам. Иннака Анта ъалломул-ғуюб». Яъне: Омурзиш металабам аз Худо, омурзиш металабам аз Худо, омурзиш металабам аз Худои таъоло аз тамоми гуноҳоне, ки дониста кардаам ё нодониста, пинҳон кардаам ё ошкоро ва тавба мекунам (бозмегардам) ба сўйи Худо аз гуноҳоне, ки медонам ва аз гуноҳоне, ки намедонам. Ҳамоно Ту ба чизҳои пинҳон бисёр Доноӣ.

Шашум, калимаи радди куфр: «Аллоҳумма иннӣ аъузу бика мин ан ушрика бика шайъан ва ана аъламу ва астағфирука лимо ло аълам. Иннака Анта ъаллому-л-ғуюби ва саттору-л-ъуюби ва ғаффору-з-зунуби ва кашшофу-л-қулуб. Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳи-л-ъалиййи-л-ъазим. Мо шоаллоҳу кона ва мо лам яшаъ лам якун». Яъне: Парвардигоро, аз он ки чизеро дониста ба Ту шарик оварам, ба Ту паноҳ мегирам ва аз он ки нодониста чизеро ба Ту шарик оварам, аз Ту омурзиш мехоҳам. Чунки Ту донандаи ғайбҳо, пўшонандаи айбҳо, омурзандаи гуноҳон ва ошкоркунандаи дилҳоӣ. Нест тавоноӣ (дар дур шудан аз гуноҳ) ва нест қувват (дар анҷоми тоат), магар ба ёрии Худои бузургу бартар. Он чи Худо хост, шуд ва он чи нахост, нашуд.

2023-12-05
1131
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

22.11.2024

Подробнее
Фаджр05:37
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40