Вопрос № 00030

Оё дар ҷаннат ибодат ҳаст?

Вопрос:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Баъди рўзи қиёмат одамон дар ҷаннат ба чӣ кор машғул мешаванд? Оё дар ҷаннат ибодат ҳаст?

Саволдиҳанда:Саъдӣ

Ответ:

Худованд бандагони худро дар ин сарои дунё мукаллаф гардонидааст, то ўро тоату ибодат намуда, амалҳои неку шоиста анҷом диҳанд. Дар ивази ин амалашон барои онҳо неъматҳои фаровони ҷаннатро ваъда додааст. Дунё киштзори охират аст ва ҷаннат сарои осоишу роҳат. Пас аз қиёмат инсонҳои боимон ва неккирдор ба ҷаннат ворид мешаванд ва ба неъматҳои волое, ки Худованд барояшон омода кардааст, мушарраф мегарданд. Аллоҳ таъоло ҷаннатро ба беҳтарин ва зеботарин васф  оростааст ва онро чунон зинат додааст, ки дар андешаи кас намегунҷад, неъматҳое, ки на чашме дида ва на гўше шунида ва на ба қалби одамие гузашта, то ки биҳиштиён бо хушҳолӣ ва саодати абадӣ дар он зиндагӣ кунанд. Худованд мефармояд:

وَفِيهَا مَا تَشْتَهِيهِ الْأَنفُسُ وَتَلَذُّ الْأَعْيُنُ ۖ وَأَنتُمْ فِيهَا خَالِدُونَ [٤٣:٧١]

«Дар он ҷо ҳар чи ки нафс бихоҳад ва чашмҳо аз (дидани) он лаззат бибарад, ҳаст ва шумо дар он ҷо ҷовидон бошед». («Зухруф»; 71).

وَلَكُمْ فِيهَا مَا تَشْتَهِي أَنفُسُكُمْ وَلَكُمْ فِيهَا مَا تَدَّعُونَ [٤١:٣١]

نُزُلًا مِّنْ غَفُورٍ رَّحِيمٍ [٤١:٣٢]

«Ҳар чи дилҳоятон хоҳиш дошта бошад, дар он ҷо барои шумо фароҳам аст ва дар он ҷо ҳар чи дархост кунед, барои шумо мавҷуд аст, меҳмоние аз ҷониби (Худои) Омурзгори Меҳрубон». («Фуссилат»; 31-32).

Пайғамбари гиромии Ислом (с) мефармоянд:

«Ҳар касе дохили биҳишт шавад, дар нозу неъмат ва осоиш хоҳад буд ва ранҷу сахтиро нахоҳад дид, ҷовидон мемонад ва марг ба суроғаш намеояд, либосаш куҳна намегардад ва ҷавонияш аз байн намеравад».

Сарои дунё барои инсон майдони амал аст ва биҳишти ҷовидон подошу музд барои ҳамон касонест, ки дар зиндагии худ амалҳои нек анҷом медиҳанд. Худованд мефармояд:

وَالَّذِينَ آمَنُوا وَعَمِلُوا الصَّالِحَاتِ لَنُبَوِّئَنَّهُم مِّنَ الْجَنَّةِ غُرَفًا تَجْرِي مِن تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا ۚ نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ [٢٩:٥٨]

«Касонеро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, албатта, аз биҳишт дар ғурфаҳои баланд ҷой диҳем, зери он ҷўйҳо мераванд; он ҷо ҷовидонанд. Чӣ нек аст музди ин амалкунандагон». («Анкабут»; 58)

Бе ранҷ ганҷ муяссар намешавад,

Музд он гирифт ҷони бародар, ки кор кард.

Раҳмати Аллоҳ ба некўкорон наздик аст.

Ибодат аз аҳли ҷаннат бардошта шудааст, зеро ҷаннат сарои таклифу озмоиш нест, балки сарои инъому подош ва ҷойгоҳи осоишу роҳат аст. Аҳли ҷаннат фақат ба зикру тасбеҳ илҳом мешаванд, яъне нафасашон зикру тасбеҳ аст, ки аз он лаззат мебаранд, ҳамон гуна ки дар дунё нафас мекашанд ва роҳат мебинанд, зеро қалбҳояшон бо маърифати Парвардигор мунаввар ва аз муҳаббати ў моломол гардидааст.

2015-02-11
4975
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.11.2024

Подробнее
Фаджр05:38
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40