Вопрос № 03070

Ассалому алайкум. Матни пурраи дуои қунут чигуна аст? Парвиз

Вопрос:

Ассалому алайкум. Матни пурраи дуои қунут чигуна аст?

Парвиз

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, матни дуои қунут чунин аст:

«Аллоҳумма инно настаъинука ва настағфирука ва нуъмину бика ва натаваккалу алайка ва нуснӣ алайкал-хайр, нашкурука ва ло накфурука ва нахлаъу ва натруку май-яфҷурук. Аллоҳумма ийёка наъбуду ва лака нусаллӣ ва насҷуду ва илайка насъо ва наҳфиду ва нарҷў раҳматака ва нахшо азобака инна азобака бил-куффори мулҳиқ».

Тарҷума: «Худовандо! Мо аз Ту кўмак‌ ва омурзиш‌ металабем‌ ва ба‌ Ту имон‌ ме‌орем, бар Ту таваккул‌ ва эътимод ме‌кунем ва Туро бо хубӣ‌ ситоиш‌ ме‌кунем,‌ аз Ту сипосгузорӣ‌ намуда, носипосият‌ наме‌кунем‌, касонеро, ки Туро нофармонӣ мекунанд, раҳо ва тарк мекунем. Худовандо! Фақат Туро мепарастем‌ ва барои‌ Ту намоз мегузорем‌ ва саҷда‌ ме‌кунем ва ба‌ сўи‌ Ту ме‌шитобем, умедвори раҳмати Туем‌ ва аз азобат‌ метарсем, ҳамоно азоби‌ Ту домангири кофирон аст».

2025-04-15
30
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

16.04.2025

Подробнее
Фаджр04:13
Зухр12:40
Аср17:14
Магриб19:13
Иша20:43