Вопрос № 03088
Агар мард бо занаш якҷоя зиндагӣ накунад ва ҷавобашро ҳам надиҳад, баъд аз чанд вақт зан талоқ мешавад?
Вопрос:
Агар мард бо занаш якҷоя зиндагӣ накунад ва ҷавобашро ҳам надиҳад, баъд аз чанд вақт зан талоқ мешавад?
Мадина
Ответ:
Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, талоқ моли мард аст, то вақте ки мард онро талаффуз накунад, талоқ воқеъ намешавад, агарчи муддати дарозе ҳам гузарад. Агар мард мақсади идомаи зиндагӣ бо ҳамсарашро дошта бошад, бояд ҳуқуқ ва талаботи занушавҳариро риоя кунад. Дар ин ҳолат таҷдиди никоҳ хуб аст, зеро никоҳ ибодат аст, барои никоҳ талоқ шарт нест.