Вопрос № 03095

Касе дар намози аср дер карда имомро дар ракъати сеюм дарёфт, ракъатҳои боқимондаро чигуна мегузорад?

Вопрос:

Ассалому алайкум. Касе дар намози аср дер карда имомро дар ракъати сеюм дарёфт, ракъатҳои боқимондаро чигуна мегузорад?

Билол

Ответ:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар имомро дар ракъати сеюм дар ҳолати қиём ё рукуъ дарёфт ва бо ў ҳамроҳ шуд, дар ин сурат ду ракъати ахирро бо имом мегузорад, пас аз саломи имом бархоста ду ракъати аввали намозро мегузорад, Субҳонакаллоҳумма, сураи Фотиҳа ва як сураи дигар мехонад ва ҳамин гуна намозро ба итмом мерасонад. Агар имомро дар ракъати сеюм дар ҳолати қавма (баъд аз рукуъ) ё саҷда дарёфта бошад, дар ин сурат аз нигоҳи Имоми Аъзам (р) идомаи намозро ба мисли намози шом мегузорад, яъне ду ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас як ракъати дигар бе замми сура гузошта, намозро ба поён мерасонад. Аммо аз назари Абўюсуф (р) ва Муҳаммад (р) як ракъат бо замми сура гузорида, қаъда мекунад, сипас ду ракъати дигар, яке бо замми сура ва яке бе замми сура мегузорад. Ба ҳар ду равиш гузоридани идомаи намоз дуруст аст.

2025-05-01
99
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

07.05.2025

Подробнее
Фаджр03:42
Зухр12:40
Аср17:35
Магриб19:34
Иша21:04