Вопрос № 00339
Мегӯянд, ки вақте баҳор меояд, каду хӯрдан ҳаром аст. Шумо чӣ мегӯед.
Вопрос:
Мегӯянд, ки вақте баҳор меояд, каду хӯрдан ҳаром аст. Шумо чӣ мегӯед.
Саволдиҳанда:Абдураҳмон.
Ответ:
Бояд донист, ки тановули неъматҳои Худо чӣ хӯрданӣ бошад ё ошомиданӣ, вақти муайяне надорад, хусусан каду, ки дар ҳама фасл хӯрда мешавад ва онро Расули Худо (с) дӯст медоштанд. Чунонки Анас (р) ривоят мекунад, ки дарзие Расули Худо (с)-ро ба хонаи худ даъват намуд ва ман низ бо Расули Худо (с) ба он ҷо рафтам. Он марди дарзӣ ба назди Расули Худо (с) нони ҷавин ва шӯрбо овард, ки каду ва гӯшти бирён дошт. Анас (р) мегӯяд: Ман Расули Худо (с)-ро дидам, ки аз гӯшаҳои табақ кадуро ҷустуҷӯ мекард, аз ҳамон рӯз ин ҷониб ман кадуро дӯст медорам.