Вопрос № 00348
Илтимос домуллои азиз, доир ба фазилати бародарӣ дар Ислом чизе мегуфтед?
Вопрос:
Илтимос домуллои азиз, доир ба фазилати бародарӣ дар Ислом чизе мегуфтед? Бо эҳтиром Самандар аз Ашт.
Ответ:
Бародариро дар забони арабӣ ухувват мегӯянд. Аз он рӯзе, ки дини Ислом зуҳур ёфт, пояҳои бародарӣ ва ҳамбастагӣ дар миёни бандагони Худо устувор гардид, ки то кунун таърихи башарият назири онро ёд надорад. Хусусан паймони бародарие, ки Паёмбари Ислом (с) баъд аз ҳиҷрат дар миёни муҳоҷирон ва ансор эҷод намуд. Аввалин коре, ки Паёмбари Ислом (с) баъд аз ҳиҷрат ба он иқдом намуданд, бинои масҷид буд ва дуюмин коре, ки ба он иқдом намуданд, дар миёни муҳоҷиру ансор паймони бародарӣ буд, то якдигарро ёрӣ ва кӯмак кунанд. Ҳатто то ғазваи Бадр онҳо аз ҳамдигар мерос мебурданд. Дар натиҷаи паймони дӯстӣ таассуботи ҷоҳилӣ бартараф гардид, имтиёзоте, ки аз насаб, нажод ва ватан сарчашма ёфта буданд, фурӯ рехтанд, дар миёни қишри ҷомеъа ғамгусориву ҳамдилӣ ба вуҷуд омад, ҷомеъаи навини исломӣ намунае барои тамаддунҳои дигар қарор гирифт.
Худованди Мутаъол мефармояд: «Мусалмонон бо ҳам бародаранд. («Ҳуҷурот», 10).
Ҳамчунин Паёмбари Худо (с) мефармоянд: «Эй бандагони Худо бародар бошед». (Бухорӣ ҷ.15, с.277)
Хулоса бародарӣ ва ухувват дар миёни мусалмонон ҳикмати мумтоз, сиёсати ҳакимона, роҳи ҳалли санҷида барои мушкилот ва омили баромадан аз ихтилофу парокандагӣ мебошад.