Вопрос № 00358

Ба хонаводаи мо хостгор омадааст. Ман алҳамдулиллоҳ ҳанафимазҳаб ҳастам. Сатрро риоят мекунам. Ҷавони хостгор тариқи телефон бо ман суҳбат кард ва гуфт, ки аз бародарони салафӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки мо дар замони ҷиҳод бар зидди хурофот қарор дорем.

Вопрос:

Ассалом муфтии муҳтарам! Ба хонаводаи мо хостгор омадааст. Ман алҳамдулиллоҳ ҳанафимазҳаб ҳастам. Сатрро риоят мекунам. Ҷавони хостгор тариқи телефон бо ман суҳбат кард ва гуфт, ки аз бародарони салафӣ аст. Ӯ мегӯяд, ки мо дар замони ҷиҳод бар зидди хурофот қарор дорем. Ҳамчунин гуфт, ки аз хешони наздики шумост. Хоҳиш, гӯед, ки зан агар ҳанафӣ бошад, оё дуруст аст, ки бо салафӣ ақди никоҳ бандад? Сипосгузорам, хушҳол мешавам, агар посухро тибқи мазҳаби ҳанафӣ диҳед. 

Саволдиҳанда:Шаҳло.

Ответ:

Дар миёни салафиҳо ва пайравони мазҳаби Имоми Аъзам (р) дар усул ва фуруъ ихтилофи зиёде вуҷуд дорад. Салафиҳо саҳобагонро меъёри ҳақ намедонанд, яъне қавли саҳобаро ҳамчун далел намепазиранд. Имомони чаҳор мазҳабро дашном медиҳанд ва пайравии онҳоро ноҷоиз ва бидъат, ҳатто ширк низ мегӯянд. Масъалаҳоеро, ки бо иҷмоъи уммат собит шудаанд, инкор мекунанд. Масалан, тибқи мазҳаби ҳанафӣ намози таровеҳ бо иҷмоъи саҳоба бист ракъат собит шудааст, вале салафиҳо онро бидъати умарӣ қарор медиҳанд. Ҳамчунон ки иттифоқи саҳоба ва имомони чаҳор мазҳаб бар ин аст, ки се талоқ бо як лафз се талоқ ҳисоб мешавад, вале онҳо мегӯянд, ки се талоқ бо як лафз як талоқ ҳисоб мешавад. Хулоса ин ки инҳо худашонро аз пайравони мазҳаби ҳанафӣ ҷудо мекунанд. Ҳамаи инҳоро дида никоҳ бо чунин афрод чӣ тавр писандида аст, балки боиси фитна ва фасод дар ҷомеа мебошад. Маълум аст, ки зан дар зиндагии заношавҳарӣ фармонбардори мард аст, пас яқинан ақидаи ӯро хароб хоҳад кард.

Ҳамчунон ки ҳазрати Умар (р) саҳобагонро аз никоҳ кардан бо занони аҳли китоб манъ мекард ва мегуфт, ки ман ҳалолеро ҳаром намекунам, лекин дар ин замон никоҳ бо онҳо боиси фитнаву фасод дар ҷомеаи мусулмонон мегардад, бинобар ин онро манъ мекунам. Пас маълум мешавад, ки ҳар як пешво фисқу фасоди ҷомеаро дида, ақидаи худ ва мардумро аз он нигоҳ медорад ва ҷомеаро аз фитнаву фасод ва қатъи силаи раҳм ҳифз менамояд. Бинобар ин, хоҳари азиз, бо ин гуна афроде, ки чунин ақоиди фитнаангезе дар ҷомеа доранд, зиндагии шарикӣ бунёд накунед. Ногуфта намонад, ки дар ҷомеа шахсоне ҳам ёфт мешаванд, ки аз номи Президент, вазир, сафир ва раисон сӯистифода бурда, мехоҳанд ба мақсади худ бирасанд. Тавсияву насиҳати ман ба шумо хоҳари азиз Шаҳло ин аст, ки шавҳарро бо телефон интихоб накунед, бо номаҳрамон суҳбати телефонӣ надошта бошед, ки пушаймон мешавед, вале пушаймонӣ суд надорад. Ихтиёру интихоби шавҳарро ба ихтиёри сарпарастони солхӯрда ва таҷрибадида бо маслиҳат гузоред ва худро эҳтиёт кунед.

2016-04-05
5005
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

01.11.2024

Подробнее
Фаджр05:16
Зухр12:40
Аср15:35
Магриб17:00
Иша19:01