Вопрос № 00359

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дар бораи урф ба мо маълумот медодед, чунки дар мазҳаби ҳанафӣ яке аз далелҳо урф аст, вале мо дар ин мавзуъ маълумот надорем. Оё урф такягоҳе аз Қуръону ҳадис дорад ё на?

Вопрос:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дар бораи урф ба мо маълумот медодед, чунки дар мазҳаби ҳанафӣ яке аз далелҳо урф аст, вале мо дар ин мавзуъ маълумот надорем. Оё урф такягоҳе аз Қуръону ҳадис дорад ё на? 

Саволдиҳанда:Зокирҷон.

Ответ:

Албатта урф яке аз усули ҳафтгонаи мазҳаби ҳанафӣ мебошад. Усули ҳафтгона иборатанд аз:

  1. Қуръони карим.
  2. Ҳадиси набавӣ.
  3. Қавли саҳоба.
  4. Иҷмоъи уммат.
  5. Қиёс.
  6. Истеҳсон.
  7. Урф. 

Ҷойгоҳи урф дар усули мазҳаби ҳанафӣ

Урф зидди кори мункар ва қабеҳ аст.Чунончи дар китобҳои луѓат омадааст:

العرف : بالضم ضد النكر

Маънои истилоҳии урф дар китоби “Лисонул-араб” чунин омадааст:

هو اسم جامع لكل ما عرف من طاعة الله والتقرب إليه والإحسان إلى الناس وكل ما ندب إليه الشرع من المحسنات والمقبحات

“Урф исми ҷомеъе аст, ки тамоми онро чи ки шинохта шудааст аз тоати Худо, наздик шудани ба Ӯ, хубӣ кардан ба мардум ва ҳар он чи ки шинохта шудааст аз ҷониби шариат аз некиҳо ва бадиҳоро дар бар мегирад”.

Фуқаҳо урфро ба урфи ом ва урфи хос тақсим кардаанд. Таърифи урфи хос чунин аст:

العرف الخاص : هو الذي يكون مخصوصا ببلد أومكان دون آخر أوبين فئة من الناس دون أخرى. وقال العلامة ابن عابدين : العرفية الخاصة كاصطلاح كل طائفة مخصوصة

Урфи хос урферо мегӯянд, ки фақат хоси як шаҳр ё як макони хос ва ё байни як гурӯҳи хоси мардум аст. Ибни Обидин мефармояд, ки урфи хос мисли истилоҳи ҳар як тоифаи махсус аз мардум аст. Аммо урфи хос далел шуда наметавонад, ҳамчунон ки аз таърифи он маълум гардид. Урфи хос дар назди фуқаҳо эътибор надорад. Урфи муътабар урфи ом буда, яке аз усули мазҳаби ҳанафӣ ба шумор меравад.

Таърифи урфи ом чунин аст:

العرف المعتبر : هو العرف العام الذي يستدل به عندنا وعند جل الفقهاء الذين اعتبروا العرف حجة في استمداد الأحكام

Урфи муътабар ҳамон урфи оме аст, ки аз назари фуқаҳои аҳноф ва ҳамаи он фуқаҳое, ки урфро ҳамчун ҳуҷҷат дар истинботи аҳком ба эътибор мегиранд, ба он истидлол карда мешавад. Албатта бояд урфи ом бо насси қуръонӣ, ҳадиси набавӣ ва иҷмоъи уммат мухолиф набошад. Фуқаҳои ҳанафӣ урфро ҳамчун ҳуҷҷат пазируфта ва чанд усуле барои он муқаррар кардаанд, ки дар партави ин усул бархе аз аҳком истинбот мешаванд. Аз ҷумла, аллома Зайнуддин ибни Нуҷайми ҳанафӣ дар китобаш “Ал-ашбоҳ ван-назоир” чанде аз ин усули муқарраршудаи мазҳабро зикр мекунад, ки дору мадори онҳо бинобар урф ҳастанд.

  1. العادة محكمة – Яъне ба одат (урф) руҷуъ карда шуда, онро барои исботи ҳукми шаръӣ ба ҳайси ҳукм қарор дода мешавад. Мисол: Пора шудани либос аз тарафи пеш нишонаи рӯ ба тарафи зан будани мард аст. Чунончи дар қиссаи Юсуф зикр шудааст: “Ва гувоҳе аз қабилаи зан гувоҳӣ дод, ки агар пероҳани Юсуф аз пеш дарида аст, пас ин зан рост гуфтааст ва Юсуф аз дурӯѓгӯён аст. Ва агар пероҳани ӯ аз пушт дарида аст, пас он зан дурӯѓ гуфтааст ва Юсуф аз ростгӯён аст”. (Сураи “Юсуф”, ояти 26-27).
  2. المعروف عرفا كالمشروط شرطا – Он чи бо урф шинохта шудааст, ҳамчунон аст, ки бо забон шарт гузошта шуда бошад. Мисол: Он чи дар миёни тоҷирон маъруф ва маъмул аст, ба мисли ин аст, ки онро дар байни якдигар шарт қарор дода бошанд. Масалан, вақте Зайд чизеро аз Амр мехарад, Амр бидуни ин ки шарт гузорад, ки он молро солим таслим мекунад, лекин аз рӯи урф бидуни гузоштани шарт он молро солим таслим мекунад.
  3. التعيين بالعرف كالتعيين بالنص – Он чи бо урф муайян мешавад, мисли ин аст, ки бо нас муайян шуда бошад. Чунончи дар қиссаи Ҳинд ҳамсари Абӯсуфёнро омадааст, ки вақте Ҳинд ба Расули Худо (с) аз шавҳараш дар мавриди таъмини нафақа шикоят мекунад, он Ҳазрат (с) ба ӯ мегӯянд:
  4. ما يكفيك وولدك بالمعروف

Яъне «Он чи барои ту ва фарзандат кифоят кунад, мутобиқи урф бигир». Пас ин амалкарди Ҳинд ба урф мисли ин аст, ки бо нас собит шуда бошад.

Аммо барои истидлоли урф аз сарчашмаҳои дин, яъне Қуръону ҳадис, далелҳои зиёде вуҷуд дорад, ки дар онҳо бар урф амр шудааст. Аз ҷумла, Имом Бухорӣ дар «Саҳеҳ»-и худ бобе бо унвони «Бобу ман аҷро амрал-амсори ало мо ятаъорафуна байнаҳум» кушода, онро бо далелҳо аз Қуръону ҳадис тақвият додааст. Ин амали Бухорӣ далолат бар ин дорад, ки урф ҳуҷҷате аст барои истинботи ҳукми шаръӣ. Ӯ дар ин боб зикр намуда, ки Шурайҳи Қозӣ ба порчабофон чунин гуфт:

سنتكم بينكم

 «Суннатукум байнакум», яъне тариқаи шумо дар миёни худатон ҳаст. Манзури ӯ аз ин сухан урф аст.

Илова бар ин, Имом Бухорӣ ояти дигареро дар ин мавзуъ зикр кардааст, ки он ҳам далел бар ҳуҷҷияти урф мебошад. Оят ин аст:

وَمَن كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ  [٤:٦]

Яъне: «Ва ҳар ки фақир бошад, бояд ки ба ваҷҳи писандида (яъне мутобиқ ба урф) бихӯрад». (Сураи “Нисо”, 6).

Ин дар сурате аст, ки сарпарасти ятим фақир бошад, пас метавонад мутобиқи урфи мардум аз моли ятим истифода барад.

Ҳамчунин аллома Ибни Обидин дар ин маврид мефармояд:

والعرف في الشرع له اعتبار      لذا عليه الحكم قد يدار

“Урф дар назди шаръ дорои эътибор аст, бинобар ин, гоҳе ҳукм бар мабнои урф истинбот мешавад”.

Хулоса, урф яке аз усули муътабари мазҳаби ҳанафӣ буда, баъзе аз аҳкоми шаръӣ дар партави он истинбот мешаванд

2016-04-05
5104
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

23.11.2024

Подробнее
Фаджр05:38
Зухр12:40
Аср15:15
Магриб17:10
Иша18:40