Вопрос № 00360

Агар зан дар ҳолати ҳайз бошад ва аз байн 3-4 рӯз гузарад, бо ӯ ҳамхоба шудан ҷоиз аст ё на? Чунки дар ин миён ӯ аз ҳайз пок нест. Илтимос ҷавоб диҳед, зеро фаврист.

Вопрос:

Агар зан дар ҳолати ҳайз бошад ва аз байн 3-4 рӯз гузарад, бо ӯ ҳамхоба шудан ҷоиз аст ё на? Чунки дар ин миён ӯ аз ҳайз пок нест. Илтимос ҷавоб диҳед, зеро фаврист. 

Саволдиҳанда:Машҳуд.

Ответ:

Албатта дар ҳолати ҳайзи зан ҳамхоба шудан бо ӯ ҳаром ва мамнуъ аст, чунончи дар Қуръони карим зикр шудааст. Худованд мефармояд:

فَاعْتَزِلُوا النِّسَاءَ فِي الْمَحِيضِ وَلَا تَقْرَبُوهُنَّ حَتَّىٰ يَطْهُرْنَ 

 «Пас, аз занон дар ҳоли ҳайз як сӯ шавед ва ба онҳо наздикӣ макунед, то он ки пок шаванд». (Сураи “Бақара”, ояти 222).

Бинобар ин, агар аз рӯи ноогоҳӣ бошад, пас тавба ва истиғфор карда, дубора ин корро такрор накунад, чунки ин амал аз гуноҳони кабира ба шумор меравад.

2016-04-09
3632
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38