Вопрос № 00367

Ҳоло дар Россия занҳо ва духтарони зиёди тоҷик кор мекунанд. Мушкилоти муҳоҷират ва шароитҳои ғайричашмдошт як қисме аз онҳоро ба танфурӯшӣ водор мекунад, хоҳиш дорем дар ин маврид чизе мегуфтед?

Вопрос:

Ҳоло дар Россия занҳо ва духтарони зиёди тоҷик кор мекунанд. Мушкилоти муҳоҷират ва шароитҳои ғайричашмдошт як қисме аз онҳоро ба танфурӯшӣ водор мекунад, хоҳиш дорем дар ин маврид чизе мегуфтед?

Ответ:

Муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳама ҷо, дар ҳама мардум вуҷуд дорад, набояд ин сабаби танфурӯшии шахс гардад. Марду зани мусалмон дар ҳама ҳолат номусашро бояд ҳифз кунад, ҳалли мушкилоти моддӣ ва маънавияшро аз Худованд талаб кунаду меҳнату заҳмат бикашад. Зеро зино аз нигоҳи ҳамаи адёнҳои осмонӣ ҳаром ва мамнӯъ аст. Касе ба зино даст мезанад, ба ғазаби Худованд гирифтор мешавад. Худованд занони мусалмонро аз ин корҳои зишт дар амон нигаҳ дорад.

Ҳакиме мегӯяд: Зани покдоману бо иффат аз гуруснагӣ мемираду, аммо аз ҳисоби номусаш намехурад.

2016-04-09
3273
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

28.11.2024

Подробнее
Фаджр05:43
Зухр12:40
Аср15:12
Магриб17:08
Иша18:38