Вопрос № 00374

Домулло илтимос мегуфтед, ки намози суннат аз фарз чӣ фарқият дорад?

Вопрос:

Домулло илтимос мегуфтед, ки намози суннат аз фарз чӣ фарқият дорад? Бо эҳтиром

Саволдиҳанда:Беҳрӯз
 

Ответ:

Бародари азиз, намози фарз аз ҷониби Худованди таъоло амр шудааст. Намози суннат бошад, бо амалкарди Расули Худо (с) собит шудааст. Тарзи хондани намози фарз чунин аст, ки дар ду ракъати аввал баъд аз сураи «Фотиҳа» сурае мехонад, вале дар боқӣ ракъатҳояш танҳо сураи «Фотиҳа» хонда мешавад. Агар намози суннат бошад, дар ҳамаи ракъатҳояш баъд аз сураи «Фотиҳа» сурае мехонад. Намозҳои нофила низ мисли намозҳои суннат хонда мешавад.

Хотиррасон кардан зарур аст, ки намозҳои фарз ва витр қазо дорад, аммо намозҳои суннат қазо надорад, ба ғайр аз суннати намози бомдод, ки онро то вақти заволи ҳамон рӯз хондан мумкин аст. («Канзуд-дақоиқ», саҳ. 42-45)

 


 

2016-04-13
6175
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

11.01.2025

Подробнее
Фаджр06:06
Зухр12:40
Аср15:30
Магриб17:27
Иша18:57