Вопрос № 00376
Ба Шумо як суоле дорам, як мард дар моҳи шарифи Рамазон ба ҳамсараш гуфт, ки агар имрӯз ман бо ту ҳамхоба нашавам, ту ба ман се талоқ. Зан ва мард ҳарду рамазониянд, дар ин маврид онҳо чи корро анҷом диҳанд, то ин ки аз ҳамдигар ҷудо нашаванд.
Вопрос:
Ассалому алайкум домуллои азиз!Ба Шумо як суоле дорам, як мард дар моҳи шарифи Рамазон ба ҳамсараш гуфт, ки агар имрӯз ман бо ту ҳамхоба нашавам, ту ба ман се талоқ. Зан ва мард ҳарду рамазониянд, дар ин маврид онҳо чи корро анҷом диҳанд, то ин ки аз ҳамдигар ҷудо нашаванд.
Саволдиҳанда:Беҳрӯзҷон.
Ответ:
Ва алайкумуссалом ва раҳматуллоҳ бародари азиз Беҳрӯзҷон. Дар чунин ҳолат шахси савгандхӯрда барои вайрон нашудани оилааш беҳтар аст, ки сафар намояд, зеро барои мусофир амалҳое, ки дар Рамазон мамнуъ аст, мубоҳ мегардад. Дар ғайри ин сурат агар ҳамхоба шавад, каффорат медиҳад ва агар ҳамхоба нашавад, аз ҳамсараш ҷудо мегардад. Барои ҳамин роҳи наҷот ва осон сафар кардани ин мард бо ҳамсараш ва ҳамхоба шудан дар аснои сафар аст. («Канзуд-дақоиқ», саҳ. 104-108).