Вопрос № 00379

Дар вақти намози витр хондан аз сабаби надонистани дуои қунут се бор сураи «Ихлос»-ро хонӣ ҷоиз аст ё не?

Вопрос:

Дар вақти намози витр хондан аз сабаби надонистани дуои қунут се бор сураи «Ихлос»-ро хонӣ ҷоиз аст ё не?

Саволдиҳанда:Нуруллоҳ


 



 

Ответ:

Бародари азиз, барои одаме, ки дуои қунутро намедонад, то аз ёд намуданаш хондани ин дуо иҷозат дода мешавад:  «Аллоҳумма Раббано отино фи-д-дунё ҳасанатан ва фи-лохирати ҳасанатан ва қина азоба-н-нор». Яъне, «Худоё, Парвардигоро! Ҳасана ва некии Дунё ва Охиратро ба мо иноят фармо ва маро аз азоби Дӯзах наҷот бидеҳ!».

 Агар ин дуоро ҳам надонад, бояд се маротиба: «Ё, Раббӣ!» (Эй Офаридагори ман) ё ин ки се маротиба «Аллоҳуммағфирлӣ!» (Эй Аллоҳ маро мағфират намо!) гӯяд. Лекин ба ин иктифо накунад, балки кӯшиш кунад, ки дуои қунутро ёд гирад. («Фиқҳи муяссар», саҳ. 125-128)

2016-04-13
4670
Задать вопрос

Рубрики

Время намаза в Душанбе

27.04.2025

Подробнее
Фаджр03:54
Зухр12:40
Аср17:25
Магриб19:24
Иша20:54